3.2 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Фархор корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равған ба истифода дода мешавад

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор якчанд иншооти иҷтимоӣ, аз қабили корхонаи коркарди пахта, истеҳсоли равған, макарон, коғази ташноб, коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истиснод ба шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Раиси вилоят 20 август зимни сафари корӣ ба ноҳияи Фархор аз мавзеи сохтмони корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равған, ки дар деҳаи Арчаи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Сафаров бунёд шуда истодааст, дидан намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур то охири соли равон ба истифода дода шуда, дар он коргоҳҳои исканҷаи пахта, истеҳсоли собун, равған, пахтаи кӯрпабоб ва арракунӣ бунёд карда мешаванд. Ҳамзамон бо ин 20 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо гурӯҳи ҳамроҳонаш бо ҷараёни корҳои сохтмони коргоҳи истеҳсоли макарон, коғази ташноб, коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ шинос гардид.

Ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки коргоҳи истеҳсоли макарон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Қурбонхуҷа Маҳмудов ва коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз тарафи ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» бунёд шуда, имсол ба истифода дода мешаванд.

Ҳамчунин дар ноҳия корҳои сохтмони биноҳои шуъбаи милитсия ва таваллудхона, воқеъ дар деҳаи Ориёни Ҷамоати деҳоти Фархор ҷараён доранд.

Бинои шуъбаи милитсия бо фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, соли равон ба истифода дода мешавад.

Бинои таваллудхонаи 5-ошёна аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ ва пудратчии сохтмон- ширкати ҶДММ «Сабр А Ф» бо риояи қоидаҳои сифатан баланди меъморию сохтмонӣ сохта шуда истодааст.

Ҳамчунин Раиси вилоят бо истифодаи самаранок ва мақсадноки қитъаи наздиҳавлигии Азаматовҳо шинос шуд.

Оилаи мазкур айни ҳол аз маҳсулоти гуногуни сабзавоту меваҷот зиёда аз 500 қуттӣ консерва, зиёда аз 1 тонна гандум ва дигар лӯбиёдонагиҳоро барои зимистонгузаронӣ захира намудаанд.

​Дар анҷоми сафари корӣ Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарон ва масъулини сохтмони иншооти сохташаванда баҳри дар сатҳи баланди меъморию шаҳрсозӣ мавриди истифода қарор додани иншооти мазкур супоришҳои мушаххас дода, гуфт, ки тавассути корҳои ободонию созандагӣ то ҷашни пурифтихори миллӣ — 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ симои ноҳияро куллан дигаргун намоянд.

АКС аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news