-12.5 C
Tajikistan
Friday, December 9, 2022

Матлубахон Сатториён фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмиро мавриди баррасӣ қарор дод

16 август дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён бо иштироки роҳбарият ва намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ҷаласаи васеъ баргузор гардида, зимни он масъалаи «Аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ: вазъ ва дурнамо» мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истиснод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки дар сиёсати дохилии Пешвои миллат маориф ва илм яке аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида шуда, ин масъала зимни ҳамаи вохӯриву суханрониҳои Сарвари давлат мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор мегирад.

Гуфта шуд, ки ба ҳолати якуми июли соли равон дар шӯроҳои диссертатсионии миллие, ки дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар амал мекунанд, 1588 ҳимояи диссертатсияҳо баргузор шуда, аз ин теъдод 1370 диссертатсия тасдиқ гардидааст (115 докторӣ, 1179 номзадӣ ва 76 доктор фалсафа (PhD)- доктор аз рӯйи ихтисос ва 195 диссертатсия радшуда)». Ҳамзамон зикр шуд, ки аз шумораи умумии диссертатсияҳои воридшуда ба бахши  илмҳои табиӣ- математикӣ ва техникӣ – 331 диссертатсия, бахши  илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ – 268 диссертатсия ва ба бахши илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ – 989 диссертатсия рост меояд.

Таъкид гардид, ки ҷалби ҷавонон ба тадқиқоти илмӣ дар самти фанҳои дақиқ талаботи замон аст, зеро нигаронии Пешвои миллат дар ин маврид дида мешавад.

Тибқи маълумоти омории Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА), Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва АМИТ, имрӯз дар ҷумҳурӣ 5406 нафар кормандони дорои дараҷаи илмӣ фаъолият мекунанд, ки аз инҳо 948 нафар доктори илм, 4373 нафар номзади илм ва 85 нафар доктори фалсафа (PhD)- доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.

Нишондиҳандаҳои оморӣ водор месозанд, ки ба ояндаи илми кишвар ҷиддӣ муносибат намуда, барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯи бозори меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешем.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён  роҷеъ ба баъзе мушкилиҳои фаъолияти КОА сухан гуфта, доир ба  эҳёи шӯроҳои диссертатсионӣ ва омода намудани мутахассисон аз рӯйи соҳаҳои энергетика, нафту газ, нанотехнология, биотехнология, психология, сотсиология, амният ва ҳарбӣ пешниҳодҳои судманд намуд.

Зикр шуд, ки барои таҳқиқоти илмӣ, пеш аз ҳама, бояд мавзӯъҳои мубрами рӯз, созгор ба ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ, ҷавобгӯ ба ниёзҳои иқтисоди миллии мамлакат ва ифодакунандаи манфиатҳои миллию давлатӣ интихоб ва ҳимоя карда шаванд.

Ҳамзамон ба роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва вазорату идораҳои илмӣ-тадқиқотии ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки барои дарёфти роҳҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони соҳибистеъдод ба таҳқиқоти илмӣ, хусусан илмҳои табиӣ ва техникӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Акс: ДМТ

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news