6.2 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Масъалаи рушди табодули маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид

 15 август муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон Ар–Рушайдон мулоқот намуд, ки зимни он масъалаи рушди табодули молу маҳсулот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати кишвар хабар доданд, зимни мулоқот Манзура Рустамова оид ба фаъолият ва нақшаҳои ояндаи Палата дар самти баргузории намоишгоҳҳо, бизнес–форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратӣ маълумот дода, аз  сафир Валид Абдурраҳмон Ар–Рушайдон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Арабистони Саудӣ зимни баргузории чорабиниҳои тиҷоратие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд, мусоидат намояд.

Сафир Валид Абдурраҳмон Ар–Рушайдон баргузории чорабиниҳои зикргардидаро дар рушди бахши хусусӣ иқдоми нек шуморида, иброз дошт, ки барои иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Арабистони Саудӣ дар чорабиниҳои тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

Манзура Рустамова ҷиҳати ҷалби сармоягузорони Арабистони Саудӣ дар бунёди корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ва рушди табодули молу маҳсулот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.

АКС: Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news