2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Завқӣ Завқизода ва намояндагони Бонки Исломии Рушд масоили мушкилоти ирригатсионии ноҳияи Панҷро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мушкилоти  ирригатсионии ноҳияи Панҷ, вазъи пойгоҳҳои обкашӣ ва омода намудани ҷузъиёти техникӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи «Барқарор намудани системаҳои обёрӣ ва сохтмони канализатсия дар ноҳияи Панҷ» зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо намояндагони Бонки Исломии Рушд Данияр Абилхан ва Данияр Акбасов баррасӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ масъалаҳои мушкилоти ирригатсионии ноҳияи Панҷ, вазъи пойгоҳҳои обкашӣ ва омода намудани ҷузъиёти техникӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи «Барқарор намудани системаҳои обёрӣ ва сохтмони канализатсия дар ноҳияи Панҷ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

З. Завқизода зикр намуд, ки «яке аз мушкилоти аввалиндараҷаи сокинони ноҳияи Панҷ- ин норасоии оби полезӣ ва қисман нӯшокӣ ба ҳисоб рафта, барқарор кардани инфрасохтори ирригатсионии ин заминҳо барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи кор, бамаротиб зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа, даромади буҷет ва дар маҷмӯъ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии 124 ҳазор нафар сокинони ноҳия мусоидат мекунад».

Ҳамзамон зимни вохӯрӣ масъалаҳои маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ баррасӣ шуданд.

То имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи БИР 86 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 641 млн доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, дар айни замон 23 лоиҳа ба маблағи 285 млн доллар амалӣ мегарданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ Завқӣ Завқизода аз сатҳи баланди ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд изҳори минатдорӣ намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун баён дошт.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news