3.2 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Беш аз 60 дарсади ҳиссаи муомилоти молии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост меояд

Беш аз 60 дарсади ҳиссаи муомилоти молии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаи СҲШ рост омада, бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон маҳз давлатҳои узви СҲШ, аз ҷумла Русия, Чин, Қазоқистон, Узбекистон, Покистон ва Ҳиндустон мебошанд. Дар ин бора зимни баргузории Форуми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд, 16-17 август ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода, инчунин сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии вазорат Дилшод Шарифӣ дар Форуми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар форуми мазкур намояндагони кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла Тоҷикистон, Чин, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Узбекистон ва Русия иштирок намуданд.

А. Солеҳзода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони кишварҳои СҲШ муносибатҳои кишварҳо пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд.

Дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони давлатҳо ва таваҷҷуҳи хоссаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои СҲШ дар шашмоҳаи аввали соли 2022 68 фоизро ташкил додааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, «иқтисоди сабз», кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама, маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар тӯли беш аз 20 сол дар маҷмӯъ дар чаҳорчӯби СҲШ ҳамкории мутақобила ба роҳ монда шуд, ки ба таҳкими иқтидори иқтисодии созмон нигаронида шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосгузори СҲШ мебошад. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда изҳор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news