Аз 12 то 15 август давраи азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ доир шуда, натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси балҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии «Довталаб», яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад, 19 август эълон мегарданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод бо маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар озмуни тақсимоти такрорӣ барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2022, аз ҷумла бинобар ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир нашудани довталабони дар тақсимоти такрорӣ комёбшуда холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешаванд.
Барои иштирок дар ин тақсимот довталабони хоҳишманд бояд дар рӯз ва вақти дар паёмак нишондода, ки ба ҳар довталаб фиристода шудааст, дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз нав аз қайд гузаранд. Агар довталаб бо сабабе ин паёмак (SMS)-ро дарёфт накарда бошад, барои гирифтани маълумот дар бораи рӯз ва макони азнавбақайдгириаш тавассути рақамҳои 224 53 68 ва 224 53 73 бо шахси масъули Марказ дар тамос шавад.
Дар тақсимоти такрорӣ шахсони зерин ҳуқуқи иштирок кардан доранд:
— довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, лекин тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд;
— довталабоне, ки ба тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ тақсим шудаанду бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил кардан дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз