-3.5 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Имрӯз ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқа муайян мегарданд

Ғолиб ва ҷоизадорони Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола, ки дар шаҳри Душанбе идома дорад, дар даври ниҳоӣ муайян хоҳанд шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

10 август бозиҳои даври чаҳоруми чемпионати CAFA-2022 баргузор шуданд. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби ҷавонони Узбекистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Дар бозии дигар дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Эрон ва Қирғизистон бо ҳисоби 2:2 бозияшонро мусовӣ анҷом доданд.

Пас аз чаҳор даври бозии чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола дар ҷадвали мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Якбора се даста – Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон 5-имтиёзӣ доранд. Агар барои дастаи мунтахаби ҷавонони Қирғизистон мусобиқа аллакай анҷом шуда бошад, пас футболбозони Эрон ва Узбекистон бояд як бозии дигар анҷом диҳанд.

Дар даври ниҳоӣ имрӯз, 12 август бозиҳои дастаҳои мунтахаби ҷавонони Афғонистон – Узбекистон (оғоз – соати 18:00) ва Тоҷикистон – Эрон (оғоз – соати 21:00) дар назар аст.

Даромад ба Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ройгон аст.

Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола

Даври 4

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 3:0

Голҳо: Шаҳриёр Ҷабборов, 30 (1:0). Пӯлотхӯҷа Холдорхонов, 70 (2:0). Шаҳриёр Ҷабборов, 76 (3:0).

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Содиқҷон Қурбонов (Салохиддин Иргашев, 78), Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Фахриддин Ахтамов, Азизбек Ҳаитов (Аббос Андалибов, 78), Кабир Салимшоев (Бежан Нишонбойзода, 61), Абдулло Шарипов (Амирҷони Фаррухзод, 78), Иброҳим Зокиров (Меҳроб Асоев, 78), Салам Ашӯрмамадов, Далер Шарипов (Сунатулло Азизов, 61).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Шаҳриёр Ҷабборов (Узбекистон).

10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5500 тамошобин.

Эрон – Қирғизистон – 2:2

Голҳо: Айтенир Балбаков, 33 (0:1). Эрфан Ғорбанигавашини, 49 (1:1). Биймурза Женишбеков, 53 (1:2). Амин Пилолӣ, 90+7 (2:2).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Кристиан Браузман (Қирғизистон).

10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Дар даври 5-ум вомехӯранд:

12 август (ҷумъа)

18:00 – Афғонистон – Узбекистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

Акс: ФФТ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news