2.9 C
Tajikistan
Wednesday, October 4, 2023

Пайравони Камолиддини Беҳзод. Миниатюраи тоҷик». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ифтитоҳ гардид

11 август  дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба яке аз навъҳои санъати тасвирӣ – миниатюра таҳти унвони «Пайравони Камолиддини Беҳзод. Миниатюраи тоҷик» намоиш ифтитоҳ гардид, ки то 25 август идома меёбад.

Дар ифтитоҳи намоиш муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён,  Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ – Аҳлиддин Ибодуллозода, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, намояндагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва ВАО иштирок намуданд.

Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки  ҳадаф аз ташкил ва ифтитоҳи намоиш- шинос намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо ин навъи санъати тасвирии миллати тоҷик ва дар ин замина ба шуғли миниатюраи бадеӣ ҷалб намудани ҷавонон мебошад.

Дар намоиш зиёда аз 80 адад асарҳои Камолзода О., Ҳоҷиева С. Камолова Б., Ҷалолова П., Раҳимов Ш., Ятимов Д., Акобирова С., Палтангова Н., Садуллоева М., Фарзонаи Ю. ва Садуллоева А. ба маърази дид гузошта шудаанд.

Бузургтарин мусаввир, наққош ва миниатюрнигори тоҷик Камолиддин Беҳзод мебошад, ки дар Шарқ бо номи ифтихории «Монии Сонӣ» ва дар Ғарб бо номи «Рафаэли Шарқ» шуҳрат дорад. Муосиронаш ӯро «қоиди мусаввирон», «ягонаи замона» ва «нодири даврон» ном бурдаанд.

Мерос ва шахсияти Беҳзод мавзӯи таҳқиқи санъатшиносони Шарқу Ғарб гардида, соли 2001 бо қарори ЮНЕСКО ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 550-солагии зодрӯзаш таҷлил шуд.

Услуби мактаби рассомии Беҳзод дар якчанд кишварҳои ҷаҳон давом ёфта, имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон мутахассисони ин навъи ҳунар -миниатюраи тоҷик ба донишҷӯён таълим медиҳанд.

Latest news

БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт

5 октябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ҷойи ифтихору фараҳмандӣ аст, ки дар рӯзгори соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони...

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Related news