6.2 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

ДЗЮДО. Ҳашт нафар паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми кушоди Осиё дар Қазоқистон ширкат меварзанд

13-14 август дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба гӯштини дзюдо (Aktau Asian Open 2022) ба поси хотири Турар Жолдибаев баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро 8 нафар варзишгар муаррифӣ мекунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон ) миёни 197 варзишгар аз 6 кишвари Осиё доир мешаванд. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа чунин аст: Акбаралӣ Кенҷаев, Аҳмадҷон Аюбов ва Абубакр Шеров- ҳарсе дар вазни то 66кг, Наврӯз Каримзод бо Маҳмудҷон Раҳимов дар вазни то 73кг, Ҳайдар Саидкабирзода дар вазни то 81кг, Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 90кг ва Амирҷони Насимҷон дар вазни то 100кг.

Барномаи баргузории мусобиқа:
12 август | ҷумъа
Қуръакашӣ
Оғоз: 14:00

Рӯзи 1 | 13 август | Шанбе
Оғоз: 10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:30
Занон: -48кг, -52кг, -57кг, -63кг;
Мардон: -60кг, -66кг, -73кг;

Рӯзи 2 | 14 август | якшанбе
Оғоз: 10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 17:00
Занон: -70кг, -78кг, +78кг;
Мардон: -81кг, -90кг, -100кг, +100 кг;

Хотиррасон менамоем, ки барои мақоми аввал — 100 имтиёз, дуюм – 70 ва сеюм — 50 имтиёз дода мешавад.

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news