3.2 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ баргузор шуд

Имрӯз таҳти роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ аъзои Шӯро–роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Ҳадафи ҷаласа- мониторинги раванди иҷрои Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии он барои солҳои 2021-2023, инчунин баррасии дигар масъалаҳои марбут ба идоракунии молияи давлатӣ мебошад.

Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода зикр намуд, ки низоми идоракунии молияи давлатӣ бо дастгирӣ ва роҳнамоии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол такмил ёфта, барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардидани он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тадбирҳои зиёди ислоҳотӣ амалӣ шуданд ва он идома дорад.

Дар доираи Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тадбирҳо дар самти беҳтар намудани низоми банақшагирӣ ва буҷетикунонии хароҷоти давлатӣ, дурнамосозии даромадҳо, таъмини шаффофият тавассути дастрасӣ ба маълумоти буҷетӣ, ҳисоботдиҳӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, рушди бозори давлатии коғазҳои қиматнок, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми идоракунии молияи давлатӣ, инчунин баланд бардоштани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ чун самтҳои дорои афзалият муайян карда шудаанд.

Зикр шуд, ки дар асоси тавсияҳои шарикони рушд идома додани тадбирҳои иловагии ислоҳотӣ дар низоми идоракунии молияи давлатӣ маҷмӯан барои ҷорӣ гардидани меъёр ва стандартҳои нав дар ин бахш ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии мамлакат мусоидат хоҳад намуд.

Дар ҷаласа натиҷаҳои ҳисоботи Баҳодиҳии хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ (PEFA) аз ҷониби муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Қурбониён муаррифӣ карда шуд.

Зикр шуд, ки Баҳогузории вазъи мавҷудаи низоми идоракунии молияи давлатӣ бо мақсади ҳамоҳангии қадамҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи сифатнокии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо истифода аз унсурҳои байналмилалии баҳогузорӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин раванд истифодаи механизми Баҳодиҳии хароҷоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ (PEFA) яке аз воситаҳои асосии мониторинг ва баҳодиҳии татбиқи амалии ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва ислоҳоти пешбинишуда, аз ҷумла муайян намудани паҳлуҳои мусбат ва заифи онҳо ба шумор меравад.

Аъзои Шӯро дар ҷаласа вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҳамоҳангсозии фаъолияти минбаъда, инчунин муайян намудани тадбирҳои муосир барои амалӣ намудани Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news