2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

«БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН». Ҷаласаи васеи ҳайати комиссияи экспертии озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд

Аз 8 то 10 август дар Агентии содирот ҷаласаи васеи ҳайати Комиссияи экспертии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» оид ба муайян намудан ва интихоби беҳтарин содироткунандаи сол (иштирокчӣ) аз рӯи номинаҳои муқаррарнамудаи қоидаҳои озмун баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти ҷумҳурӣ.

Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» дар асоси Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Қоидаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» баргузор карда мешавад.

Мақсад аз баргузории озмун- афзоиш додани ҳаҷм ва рақобатпазирии маҳсулоти содирот, бахусус маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баланд ва маҳсулоти ашёи ғайрихом, тақвият додани ҳавасмандӣ ва омилҳои ба рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, мусоидат кардан ба беҳтар намудани нуфузи тиҷоратии Тоҷикистон ва эътибори содироткунандагони ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ мебошад.

То имрӯз 61 субъекти ватанӣ сарфи назар аз шакли моликият, ки ба содироти маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ машғуланд, дархост пешниҳод намудаанд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ натиҷаҳои баҳодиҳии меъёрҳои асосӣ гузаронида шуда, ғолибони асосӣ барои иштирок дар озмун тибқи қоидаҳои он муайян карда мешаванд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news