-22.2 C
Tajikistan
Thursday, February 13, 2025

Маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон бори аввал дар намоишгоҳи «Central Asian Fashion» муаррифӣ мешавад

Тоҷикистон бори нахуст маҳсулоти нассоҷии худро дар Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии мӯди «Central Asian Fashion», ки имрӯз дар шаҳри Алмато оғоз шуд, ба маърази тамошо гузошт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ медиҳад.

Намоишгоҳ то 12 август идома ёфта, ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин дар вохӯриҳои b2b бо ҳадафи барқарор кардани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва тавсеаи имконияти ҳамкорӣ иштирок мекунад.

Дар намоишгоҳи «Central Asian Fashion» гӯшаи Тоҷикистонро маҳсулоти панҷ корхонаи дӯзандагии ватанӣ- «Гулистони Душанбе», «ТоҷТекс», «Ортекс»-у «Раҳимов А.А.» ва «Ноҳид» (Истаравшан), ки аз либоси мардонаву занона ва кӯдакона, трикотаж, либоси таҳпӯш, либоси варзишӣ ва либосҳои гуногуни корӣ иборатанд, мукаммал менамоянд.

Панҷ корхонаи дигар, назири «Гулдастон» ва «Сифат Саноат» аз Душанбе, «Нассоҷи Хуҷанд» аз Хуҷанд, «КОТА Глобал» аз Бохтар ва ҳамкори нави МТБ – «Ботур» аз Конибодом ба ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳ барои шиносоӣ бо бозори нассоҷиву дӯзандагии Қазоқистон шомиланд.

«Central Asia Fashion» яке аз куҳантарин намоишгоҳҳои мӯд дар Осиёи Марказӣ буда, дар як сол ду бор баргузор мешавад. Он ба ҳайси пойгоҳи муҳиме барои барқарории тамосҳои тиҷоратӣ, имконияти хубе барои тарғибу муаррифии маҳсулот ва намоиши он ба тамошобинони касбӣ аз тамоми минтақа шинохта шудааст.

АКС: Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон

Latest news

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025...

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодию иҷтимоии...

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзииҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавиихизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои...

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶумҳурииТоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайнтаъин намудани Каримӣ А.М.

Related news