-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

«ПОМИР-ИНВЕСТ 2022». Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии соҳибкорӣ доир мегардад

17-18 август дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми навбатии байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помир-Инвест 2022» бо иштироки сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, шарикони рушд, соҳибкорони муваффақи ватаниву хориҷӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳадафи форум — ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи баландкӯҳи мамлакат ва муаррифии имконияти сармоягузории Бадахшон ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.

Тавре Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саъдӣ Қодирзода 1 август дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, «Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помир-Инвест 2022» анъанавӣ буда, ҳамасола бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари  сармояи хориҷӣ ба Бадахшон гузаронида  мешавад. Дар он соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи  мамлакат иштирок менамоянд».

Зикр шуд, ки Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помир-Инвест 2022» аз бахшҳои гуногун, ба мисли саноат, энергетика, сайёҳӣ иборат буда, интизор меравад иштирокдорони он роҳҳои ҷалби сармоя ба рушди иқтисоди Бадахшонро баррасӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 6 августи соли 2019 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии сармоягузории «Помир-Инвест 2019» баргузор гардида буд, ки дар он беш аз 150 нафар сармоягузорону соҳибкорон, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин гурӯҳи соҳибкорон аз шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок доштанд.

Акс: МИҲД ВМКБ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news