-10.7 C
Tajikistan
Sunday, January 29, 2023

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи корхонаи бисёрсоҳавии саноатии ҶДММ «Шарафи рӯз»

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Дар шаҳри Истаравшан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи бисёрсоҳавии саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарафи рӯз”-ро ба истифода дода, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот дар он шинос гардиданд.

Корхонаи муосири саноатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ – Ислом Азимов ва Алишер Сабуров бо харҷи зиёда аз 6 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.

Масоҳати умумии корхонаи муосири саноатӣ 7135 метри мураббаъро ташкил дода, биноҳои истеҳсолии он дар майдони 1850 метри мураббаъ сохта шудаанд.

Самти асосии фаъолияти корхонаи нави саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ивазкунандаи воридот равона гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он 100 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону духтарони хонашин бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин гардиданд.  Иттилоъ дода шуд, ки оянда шумораи коргарон дар ин корхонаи саноатӣ ба 200 нафар расонда мешавад.

Корхонаи нави бисёрсоҳавии “Шарафи рӯз” дар шаҳри Истаравшан аз коргоҳҳои истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ, қубурҳои зангназананда, ранги равғанин, қуттиҳо барои ранг, қуттиҳои пластикӣ, кафкҳои сохтмонӣ, герметик ва анборҳо барои маҳсулоти хому тайёр иборат мебошад. Роҳандозии истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ дар корхонаи нави саноатӣ дар миқёси ҷумҳурӣ нахустин буда, он дар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ пешниҳоди мизоҷон карда мешавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз коргоҳҳои корхона ва суҳбат бо кормандону мутахассисон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки бунёду ба истифода додани чунин корхонаҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот замина гузошта, оянда бо ин роҳ метавон иқтидори содиротии Тоҷикистонро боз ҳам боло бардошт.

Дастгоҳҳо ва хатҳои истеҳсолии ҳамаи коргоҳҳои корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Русия ва Чин ворид карда шуда, аз ҷониби мутахассисони ватанӣ идора карда мешаванд.

Иқтидори истеҳсолии корхона 6500 метри мураббаъ бомпӯши пластикӣ, 6 тонна ранги равғанин, 4500 қуттии хушбӯй, 18 ҳазор қуттии пластикӣ барои меваю сабзавот ва 2500 қуттӣ кафки сохтмонӣ дар як моҳ буда, маҳсулоти истеҳсолшаванда дар марҳилаи аввал асосан барои таъмини бозори дохилӣ равона гардидааст.

Роҳбарияти корхона дар асоси дастуру маслиҳатҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом гирифтанд, ки оянда бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ содироти маҳсулоти босифати ватаниро зери тамғаи “ТаҷФикс” ба кишварҳои ҳамсоя ҳам ба роҳ монанд.

Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот аз давлатҳои хориҷӣ ва қисман аз корхонаҳои ватанӣ дастрас карда шуда, қабл ва баъд аз коркард дар озмоишгоҳи назди корхона, ки бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз мебошад, мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор мегирад.

Дар корхона барои кормандон тамоми шароит муҳайё буда, коргоҳ дорои маҷлисгоҳ ва ошхонаи барҳаво мебошад. Ҳамчунин дар назди корхона се гармхона мавҷуд буда, дар онҳо парвариши сабзавот, аз ҷумла бодиринг бо усули муосир ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар коргоҳҳои корхона аз гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёри он дидан намуданд.

Latest news

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд

26 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов...

Китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») дар Аврупо ба нашр расид

Дар оғози соли равон тавассути нашрияи бонуфузи илмии «Walter de Gruyter GmbH», Berlin/Boston китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») ба нашр расид.

«АЗ САДА ТО САДА». 7 навъи зироати кишоварзӣ ва дарахтони меваю ангур ба таври расмӣ қабул гардиданд

Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон мардум фарорасии иди Садаро барои якдигар шодбош гуфта, бо баргузории намоиш-фурӯши ниҳол, оростани хони идона ва базму...

Related news