4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

ГУБЕРНАТОР АЗ СИБИР БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД. Вилояти Хатлони мо ва вилояти Омски Русия созишномаи ҳамкорӣ омода мекунанд

 Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Омски Русия нақша доранд дар ҷараёни сафари ҳайати Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонанд. Дар ин бора рӯзи сешанбе, 9 август зимни мулоқоти Консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирск Ятим Давлатхоҷа бо муовини нахуствазири вилояти Русия Дмитрий Ушаков хабар дода шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии Омскрегион.

«Зимни мулоқот диққати ҳамаҷониба ба масъалаи ташрифи намояндагии вилояти Омск таҳти роҳбарии губернатори минтақа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон равона карда шуд»,-гуфта мешавад дар иттиллоия.

«Мо шодем, ки шуморо дар арафаи таҷлили Рӯзи шаҳри Омск қабул менамоем. Имсол мо ҳамчунин 200-солагии таъсиси вилояти Омскро таҷлил мекунем. Тоҷикистон яке аз шарикони тиҷорати хориҷии минтақаи мо ба шумор меравад. Ҳаҷми тиҷорати мутақобила соли гузашта 3,5 миллион долларро ташкил дод. Мо мебинем, ки зиёд кардани ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ имконпазир аст ва инчунин иқтидоре, ки мавҷуд аст, ба кор андохта мешавад»,-зикр  намуд зимни вохӯрӣ  Дмитрий Ушаков.

Миёни корхонаҳои саноати хӯроквории вилояти Омск ва Тоҷикистон муносибот роҳандозӣ шудаанд. Корхонаи Омск аллакай ба Тоҷикистон маҳсулоти қаннодӣ, нӯшокиҳо, равғани маъсар ворид мекунад.

«Мо ҳавасманди робитаҳои доимӣ ҷиҳати ба Тоҷикистон интиқол додани маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, орд, ярма, маҳсулоти макаронӣ ҳастем. Вилояти Омск ба гурӯҳи пешқадамони Сибир аз ҷиҳати ғаллакорӣ дохил мешавад. Мо ҳамасола беш аз 3 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ мекунем, ки аз ин 1,5 млн тоннаи онро берун аз минтақа интиқол медиҳем. Мо метавонем деҳқонони шуморо бо тухмии зироати ғалладона, лӯбиёгӣ ва маъсар таъмин карда, кори муштараки селексионӣ гузаронем»,-иброз дошт Дмитрий Ушаков.

Консули генералӣ Ятим Давлатхоҷа иброз намуд, ки дар шароити кунунӣ муносибатҳои ду кишварро густариш додан хеле муҳим аст. Ба гуфтаи ӯ, Ҳукумати Тоҷикистон бо вилояти Омск ба ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ ва тиҷорати мутақобила ҳавасманд аст.

«Фикр мекунам, ки бо кӯшиши якҷоя мо ба натиҷаҳои дилхоҳ ба манфиати кишвар ва мардумамон мерасем»,-изҳор дошт Ятим Давлатхоҷа.

Дар соли равон аз Тоҷикистон губернатори вилояти Омск Александр Бурков дидан  мекунад. Дар ҷараёни боздид ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон дар назар аст.

АКС: Евгений Кармаев

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news