9 август дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Пак”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар масоҳати 0,54 гектар, бо харҷи 4,6 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Муинҷон Ҳусайнов, Файзуллоҷон Улмасбоев ва Саидакмал Олимов бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст.
Дар ошёнаи якуми бино истеҳсоли ресмону ороиши халтаҳо ва дар ошёнаи дуюм истеҳсол ва бандубасти халтаҳо ба роҳ монда шудааст.
Зимни боздид аз корхонаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мутахассисони ин корхонаи истеҳсолӣ дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳ дода, содироти онро ба роҳ монанд.
Дар корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтиленӣ дар маҷмӯъ 100 ҷойи кор мавҷуд буда, айни замон 86 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд. Маоши миёнаи кормандон аз 1 ҳазору 200 то 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Тамоми таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас карда шудааст. Шумораи дастгоҳ аз 32 мошини бофандагӣ, 4 мошини дӯзандагӣ ва 5 дастгоҳи ресандагию ороишӣ иборат буда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи он ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Дар корхона дар як шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор дона халта истеҳсол карда мешавад. Нархи халтаҳо ба ҳаҷм ва сифати онҳо вобаста мебошад.
Соҳибкорон ашёи хомро аз давлатҳои Узбекистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркманистон ворид менамоянд.
Маҳз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳибкорон аст, ки дар воридоти маҳсулоти хом имтиёзҳо пешбинӣ шуданд ва ин иқдом боиси рушди соҳаи саноат ва амалишавии ҳадафи чоруми мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар гардид.