7.1 C
Tajikistan
Monday, September 25, 2023

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Коргоҳи дӯзандагии КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон»-ро ба истифода доданд

 9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Коргоҳи дӯзандагии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро ба истифода доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин коргоҳи дӯзандагӣ 45 нафар занону бонувон ва духтарони бешуғл бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар навбати аввал музди маошашон 1800 сомониро ташкил медиҳад.

Коргоҳи дӯзандагӣ дар заминаи корхонаи фаръии “Зари Суғд”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳм гузоштан дар татбиқи саноатикунонии босуръати мамлакат ташкил гардидааст.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ истеҳсоли либоси мактабӣ, либосҳои махсус барои кормандони соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи бештар равона шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагиву истеҳсолӣ аз давлатҳои Туркия, Чин ва Узбекистон ворид карда шуда, дар умум маблағи сармоягузорӣ қариб 2 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Коргоҳи дӯзандагӣ иқтидор дорад, ки дар як сол ба маблағи 10 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, талаботи сокинони шаҳри Бӯстонро бо либоси мактабӣ таъмин намуда, бо дигар минтақаҳои вилояти Суғд дар ин самт ҳамкорӣ ба роҳ монад.

Масъулини коргоҳ нақша доранд, ки дар асоси фармоиш либосҳои мактабиро бо тарҳи зебо ва бо сифати хуб омода намоянд.

Коргоҳи дӯзандагии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” аз ду минтақа иборат мебошад. Дар минтақаи аввал истеҳсоли либоси мактабиву корӣ, дар минтақаи дуюм либосҳои махсуси ивазкунандаи воридот, аз ҷумла либосҳои махсуси низомӣ, либосҳои муҳофизатии химиявӣ, хаймаҳои саҳроии ҳарбӣ, болопӯши нақлиёти низомӣ ва болопӯшҳои қароргоҳи низомӣ истеҳсол мегарданд.

Ба коргоҳ таҷҳизоти муосири ороишгарӣ ва нусхагирии маҳсулот ворид карда шудааст, ки кори ороишгарону дизайнеронро осон мекунад.

Дар коргоҳи мазкур дастгоҳҳои муосири муҷаҳҳаз бо барномаҳои махсуси автоматӣ ва фарогири 280 намуди ороиш барои омода намудани кӯрпаҳои гуногунҳаҷм мавҷуд буда, ин тасмим ба рақобатпазир будани маҳсулот мусоидат мекунад.

Масъулини корхона маҳсулоти истеҳсоли коргоҳи дӯзандагиро ба намоиш гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолӣ бештар таваҷҷуҳ равона карда шавад.

Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарфияти истеҳсолӣ дар корхона марҳила ба марҳила истифода гардида, ба ин васила ҷойҳои нави корӣ муҳайё ва ҳаҷми истеҳсолот зиёд мегардад.

Зимни муаррифии лоиҳаи ташкили хатҳои нави истеҳсолӣ дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ба Сарвари давлат маълумот дода шуд, ки дар солҳои оянда сехи истеҳсоли либоси варзишӣ бо 23 ҷойи нави кор, хатти истеҳсоли қуттиҳо барои тухм бо 18 ҷойи кор, сехи истеҳсоли чархҳои буранда бо 30 ҷойи кор ва нуқтаи хизматрасонии техникӣ бо 15 ҷойи кор ташкил мегарданд. Дар сехҳои нав асосан маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда истеҳсол карда мешавад.

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла...

Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд

Тавре қаблан хабар додем, 22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф,...

Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд

 21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи...

Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт...

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун...

Related news