4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

ОЛИМПИАДАИ ШОҲМОТ ДАР ҲИНДУСТОН. Дастаи мардонаи Узбекистон дар ҷадвали мусобиқа пешсаф шуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 77-ум қарор дорад

Дирӯз, 7 август, дар Олимпиадаи 44-уми шоҳмот дар Ченнайи Ҳиндустон даври 9-ум ба анҷом расид. Дастаи мардонаи Тоҷикистон пас аз шикаст дар даври 6-ум аз Андора се бозии дигар баргузор кард, ки дар дутоаш пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дод. Шоҳмотбозони  тоҷик бар дастаи Гаити бо ҳисоби 4:0 ғолиб омада, баъд бо Сингапур мусовӣ- 2:2 карданд ва дар даври 9-ум бар Эстония бо ҳисоби 2,5:1,5 пирӯз шуданд. Имрӯз Тоҷикистон бо дастаи Чили бозӣ мекунад. Қариб ҳамаи аъзои дастаи Тоҷикистон нишондиҳандаҳои худро беҳтар кардаанд, вале бештари холҳоро Ҷалолиддин Илҳомӣ ба даст овардааст. Дар ҷадвали  умумӣ мардон ба зинаи 51-ум баромаданд.

Дастаи занонаи Тоҷикистон субҳи 7 август бо дастаи Исландия бо ҳисоби 2:2 мусовӣ карда, баъдан бар дастаи Тайбэйи Чин бо ҳисоби 4:0 ғолибияти калон ба даст овард, вале дар даври 9-ум аз даниягиҳо бо ҳисоби 1,5:2,5 шикаст хӯрд. Миёни занон Надежда Антонова холи бештар ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа дастаи занонаи Тоҷикистон дар ҷои 77-ум қарор дорад.

Дар даври нуҳуми Олимпиадаи шоҳмот дастаи мардонаи Узбекистон бар тими Арманистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, дар ҷадвали мусобиқаи  олимпӣ ба мақоми 1-ум баромад.

То 7 август дастаҳои мунтахаби Арманистон ва Узбекистон бидуни мағлубият дар Олимпиада иштирок доштанд. Тибқи натиҷаҳои  8 август Узбекистон ягона дастае гардид, ки дар Олимпиада бидуни мағлубият ширкат кард. Узбекистон дар мусобиқоти то имрӯз баргузоршуда миёни 188 даста бо 16 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсафи ягона гардид. Дастаи Ҳиндустон-2 бо Озарбойҷон бозиро мусовӣ (2:2) анҷом дода, бо 15 имтиёз дар ҷои дуюм боқӣ монд.

Дастаи занонаи шоҳмоти Узбекистон аз тими Исроил бо ҳисоби 1,5:2,5 шикаст хӯрд. Дастаи занона бо 10 хол миёни 164 даста дар ҷои 40-ум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот аз 29 июл то 9 август дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон ҷараён мегирад. Дар сабқати мардон 188 даста, дар сабқати занон 162 даста бозӣ карда, ҳар кадом бо 4 бозигари асосӣ ва 1 бозигари ивазкунанда ширкат мекунанд. Ташкилотчиёни он Федератсияи умумиҳиндустонии шоҳмот ва Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФБШ) мебошанд.

Олимпиадаи 44-уми ФБШ-ро чӣ гуна метавон тамошо кард.

Шумо метавонед Олимпиадаи 44-уми ФБШ ва Олимпиадаи занонаи шоҳмотро мустақиман дар Chess.com/TV ва дар шабакаи Twitch ё тамоми пахшҳои мустақимро дар YouTube.com/ChesscomLive тамошо кунед.

Шумо инчунин метавонед аз тамоми тафсилоти ҳарду рӯйдод дар платформаи live events тавассути пахш кардани манбаи зарурӣ: Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот | Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот миёни занон огоҳ шавед.

АКС: аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаи шоҳмот дар Ҳиндустон. Акс аз манбаъҳои боз

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news