2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Дар Суғд фаъолияти муштараки доираҳои тиҷоративу соҳибкории Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид

 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи Палатаи савдои Ҷопон дар Осиёи Марказӣ Накамура Дайсеки ва соҳибкори ҷопонӣ Чида Хикару мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамзамон ба масъалаи ташкили корхонаи коркарди партов дар шаҳри Хуҷанд таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Раиси вилоят иброз намуд, ки дар Тоҷикистон саноатикунонии мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон гардида, ҷиҳати расидан ба он бо доираҳои тиҷоративу соҳибкории кишварҳои гуногун ҳамкорӣ густариш меёбад.

Вилояти Суғд дорои имконияти фаровон буда, доираҳои соҳибкории вилоят ҳавсманданд, ки якҷо бо шарикони рушд тарҳҳои муштарак амалӣ намоянд.

Накамура Дайсеки оид ба фаъолияти Палатаи савдои Ҷопон дар Осиёи Марказӣ маълумот дода, изҳори боварӣ намуд, ки соҳибкорони ду ҷониб дар оянда барои тақвияти робитаҳо аз тамоми имконот истифода мекунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news