12.8 C
Tajikistan
Tuesday, September 27, 2022

Дар ноҳияи Данғара намоиши сайёри «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид

Имрӯз дар Осорхона — мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара шакли хурди намоиши сайёри «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод, зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, муовинони раиси ноҳияи Данғара, директори Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳия ва кормандони соҳаҳои мухталиф иштирок намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки «намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар самти шинос намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо осори ниёгони хеш ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии онҳо нақши муассир дорад. Зеро вақте қишрҳои гуногуни ҷомеа худшиносу худогоҳ бошанду асли худро донанд, пас миллат побарҷову ваҳдати он комил боқӣ хоҳад монд».

Дар намоиш зиёда аз 100 адад ашёи таърихии марбут ба миллати тоҷик   аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба тамошо гузошта шудаанд, ки онҳо инъикосгари таърихи куҳанбунёди халқи мо буда, фарогирандаи ҳазораи 4 то мелод ва давра ба давра то асри 10 мелодӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон чанд рӯз аст, ки шакли хурди намоиши «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардида истодааст. Ба ин восита, мардуми маҳаллӣ имконият пайдо намудаанд, ки бидуни сафар ба пойтахти кишвар аз намоиши сайёр дидан намуда, бо осори таърихии ниёгони хеш шинос гарданд.

Намоиши мазкур дар Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара то 12 август идома намуда, кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони ноҳияи Данғара имкон доранд бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи ниёгон ва нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният шинос гарданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Latest news

«БЕХАТАРИИ ОБӢ – АСОСИ РУШДИ УСТУВОР». Таҳти ин унвон дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад

 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди уствувор, солҳои 2018- 2028» ва...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шавад

Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад, хабар медиҳад АМИТ...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Гимназияи Нуриддин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқот намуданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи биноҳои нави Донишкадаи давлатии забонҳои...

Related news