-3.2 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми ноҳияи Дарвоз мусоидат менамояд

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2020-2025, ки мавриди амал қарор дорад, ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия  ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Ин матлаб 6 август зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва Раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода баён гардид.

Дар татбиқи барномаи мазкур 106 чорабиниҳо ба маблағи 405,3 млн сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 26,8 млн сомонӣ ё 6,6 фоиз, буҷети маҳаллӣ- 860 ҳазор сомонӣ (0,2 фоиз), бахши хусусӣ- 4,9 млн сомонӣ (1,2 фоиз), буҷети вилоятӣ- 4,7 млн сомонӣ (1,1 фоиз) ва аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 364,8 млн сомонӣ (90,0 фоиз) пешбинӣ шудааст.

Татбиқи бомарому самараноки барномаи мазкур самтҳои афзалиятнок ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро барои давраи дарозмуҳлат муайян намуда, барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири иҷтимоӣ, инфросохтори замонавӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми ноҳия заминаи мусоид мегузорад.

Дар мулоқот масъалаи тақвият додани ҳамкорӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news