4.4 C
Tajikistan
Tuesday, August 9, 2022

Ҷудочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд

 Тавре қаблан хабар додем, аз 4 то 7 август дар шаҳри Нур-Султон -пойтахти Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба ҷудо баргузор мешавад, ки дар он Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард, хабар медиҳад МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар аввал чемпионат ба нақша гирифта нашуда буд, вале пас аз он ки Бозиҳои Осиё ба таъхир афтоданд, Иттиҳоди ҷудои Осиё тасмим гирифт чорабиниро баргузор кунад.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Чемпионати Осиё 180 варзишгар (104 мард, 76 зан) аз 19 кишвари қора ширкат мекунанд.

Аз Тоҷикистон 9 варзишгар: Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг, Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳруз Хоҷазода (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг), Шодмон Ризоев (-81кг),  Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), — Абубакри Акобир (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) ширкат меварзанд.

Барномаи чемпионат:
4 август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00

Занон: -48кг, -52кг, -57кг;
Мардон: -60кг, -66кг

5 август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -63кг, -70кг;
Мардон: -73кг, -81кг

6 август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -78кг, +78кг;
Мардон: -90кг, -100кг, +100кг

7 август
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 15:00
Рақобатҳои даставии омехта

Мавриди зикр аст, ки варзишгарони тоҷик дар чемпионатҳои ҷудои Осиё дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳамагӣ 20 медал – 2 тилло, 8 нуқра, 10 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Ҳарду медали тилло ба Комроншоҳ Устопириён мансуб аст. Ӯ ҳамчунин як медали нуқра ва ду биринҷӣ дорад. Расул Боқиев 1 нуқра, 2 биринҷӣ, Парвиз Собиров 1 нуқра, 1 биринҷӣ, Темур Раҳимов 1 нуқра, 1 биринҷӣ, Алишер Боқиев, Шералӣ Бозоров, Неъматулло Арслонқулов, Сомон Маҳмадбеков яктоӣ медали нуқра, Саидаҳтам Раҳимов, Нурулло Лоиқов, Рауф Ҳукуматов, Саидҷалол Саидов яктоӣ медали биринҷӣ гирифтаанд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Latest news

ОЛИМПИАДАИ ШОҲМОТ ДАР ҲИНДУСТОН. Дастаи мардонаи Узбекистон дар ҷадвали мусобиқа пешсаф шуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 77-ум қарор дорад

Дирӯз, 7 август, дар Олимпиадаи 44-уми шоҳмот дар Ченнайи Ҳиндустон даври 9-ум ба анҷом расид. Дастаи мардонаи Тоҷикистон пас аз шикаст дар...

ДЗЮДО. Ҳафт нафар паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон дар Эквадор ширкат меварзанд

 Аз 10 то 13 август дар шаҳри Гуаякили кишвари Эквадор Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни ҷавонон (Guayaquil World Championships Juniors...

АҲСАН! Сомон, Шодмон ва Темур аз Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо бо медал бармегарданд

Аз 4 то 7 август дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо баргузор шуд, ки варзишгарони мо сазовори се...

Дар ноҳияи Данғара намоиши сайёри «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид

Имрӯз дар Осорхона — мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара шакли хурди намоиши сайёри «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид.

Related news