0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Тоҷикистон имсол ба хориҷа ба маблағи беш аз 1,2 миллиард доллар маҳсулот содирот намудааст

Тоҷикистон соли равон ба хориҷи кишвар ба маблағи 1 млрд 215,2 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 миллион доллар зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Директори Агентии содироти назди Ҳукумати мамлакат Шавкат Бобозода иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ якҷо бо барқ 1180,3 миллион долларро ташкил дод. Ҳамзамон дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи беш аз 27 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 15,5 миллион доллар ё 28,1 фоиз зиёд аст. Аз рӯи ҳаҷм содироти маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 115 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 қариб 9 ҳазор тонна зиёд аст.

Дар ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 75 ҳазор тоннаро сабзавот, қариб 19 ҳазор тоннаро меваи хушк, беш аз 15 ҳазор тоннаро меваҷот ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳанд.

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии содироти мамлакат Шавкат Бобозода афзуд, ки «моҳи майи соли равон дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2022» бо иштироки 250 нафар роҳбарону масъулини мақомоти давлатии соҳавӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва ширкатҳо гузаронида шуд. Ҳадафи форум рушди содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ тавассути муаррифии имконоти содиротии кишвар мебошад.

Дар Форум 12 созишнома ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи 21 миллион доллар ба имзо расонида шуданд, ки ин ба содироти маҳсулоти ватанӣ ва баромадан ба бозорҳои нави фурӯши маҳсулот мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news