4.4 C
Tajikistan
Tuesday, August 9, 2022

«БИЁ, ҲАМРОҲ ОМӮЗЕМ». Миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва ИМА оид ба амалисозии лоиҳаи нав Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

2 август миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба амалисозии лоиҳаи нави Агентии рушди байналмилалии ИМА дар Тоҷикистон (USAID) «Биё, ҳамроҳ омӯзем» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки ба он Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода ва роҳбари ЮСАИД дар Тоҷикистон Питер Райли имзо намуданд. Дар ин бора ба МД «Ҷаҳоннамо» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Лоиҳаи «Биё, ҳамроҳ омӯзем» як ҷузъи таркибии барномаи кумаки техникиву иқтисодии Ҳукумати ИМА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» аст. Кумаки дар доираи лоиҳа пешниҳодгардида дар маҷмӯъ, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷумла беҳтар намудани сифат ва аҳамияти таҳсил ва тақвияти идоракунии низоми таҳсил дар ҳамаи сатҳҳои низоми маориф дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар маросими баимзорасонӣ муовини якуми Вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, Роҳбари лоиҳаи нави ЮСАИД «Биё, ҳамроҳ омӯзем» Филип Батерфил, муовини Роҳбари лоиҳаи нави ЮСАИД «Биё, ҳамроҳ омӯзем» Накҳат Абдулафизов, мудири шуъбаи маорифи ЮСАИД дар Вашингтон Эвилин Ҷонс ва дигар намояндагони ҳарду ҷониб иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» аз моҳи октябри соли 2016 то моҳи сентябри соли 2021 идома ёфта, дар самти зиёд намудани дастрасӣ ба маводи босифати хониш, такмили ихтисоси омӯзгорон оид ба таълими хониш ва арзёбии рушди малакаҳои хониш, пешниҳоди навовариҳо ва рушди ҳамкорӣ барои дастгирии дастовардҳои таълимии хониш, инчунин рушди дастгирии Ҳукумат дар самти тақвияти хониш фаъолият намуд.

Дар натиҷа, аз ҷониби лоиҳа дар мувофиқа бо вазорат дар маҷмӯъ, 179 номгӯй китоби бадеии кӯдакона бо теъдоди зиёда аз 1 300 000 нусха бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои синфҳои ибтидоӣ ба 3001 муассисаи таълимии такягоҳии лоиҳа ба тариқи ройгон дастрас гардид. Ҳамчунин дар ин замина, 16 номгӯй аёнияти таълимию методӣ низ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуданд.

Ҳамзамон беш аз 7400 нафар омӯзгор ба омӯзишҳо аз рӯйи сохтори «Омӯзиши омехта» фаро гирифта шуданд. Дар маҷмӯъ, аз соли 2018 то моҳи апрели соли 2021 зиёда аз 27 ҳазору 500 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, 2590 директор ва зиёда аз 3000 китобдори муассисаҳои таълимӣ бо мақсади тақвияти малакаҳои хониш, инчунин банақшагирӣ ва гузаронидани чорабиниҳои беруназдарсӣ оид ба бедор намудани шавқи хондан ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Таҳия ва озмоиши барномаи таълимӣ барои факултаҳои Методикаи таълим дар синфҳои ибтидоӣ бо дарназардошти педагогикаи муосир, ки ба такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ равона карда шудааст, ба интиҳо расида, татбиқи амалии он дар 22 муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2020-2021 доир гардид.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Latest news

ОЛИМПИАДАИ ШОҲМОТ ДАР ҲИНДУСТОН. Дастаи мардонаи Узбекистон дар ҷадвали мусобиқа пешсаф шуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 77-ум қарор дорад

Дирӯз, 7 август, дар Олимпиадаи 44-уми шоҳмот дар Ченнайи Ҳиндустон даври 9-ум ба анҷом расид. Дастаи мардонаи Тоҷикистон пас аз шикаст дар...

ДЗЮДО. Ҳафт нафар паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон дар Эквадор ширкат меварзанд

 Аз 10 то 13 август дар шаҳри Гуаякили кишвари Эквадор Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни ҷавонон (Guayaquil World Championships Juniors...

АҲСАН! Сомон, Шодмон ва Темур аз Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо бо медал бармегарданд

Аз 4 то 7 август дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо баргузор шуд, ки варзишгарони мо сазовори се...

Дар ноҳияи Данғара намоиши сайёри «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид

Имрӯз дар Осорхона — мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара шакли хурди намоиши сайёри «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид.

Related news