-13.3 C
Tajikistan
Friday, December 9, 2022

«АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН». Таҳти чунин унвон барои омӯзиши амиқи асари академик Бобоҷон Ғафуров дастури Иброҳим Пирназарзода ба нашр расид

 Ба муносибати муваффақона  амалӣ шудани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ҳар оилаи кишвар туҳфа намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дастури муфиду пурарзиши номзади илмҳои сиёсӣ Иброҳим Пирназарзода дар нашриёти «Шарқи озод» бо сифати баланд ба табъ расид.

Дастур бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аҳаммияту мақоми бузурги шоҳасари «Тоҷикон»-ро дар раванди ташаккули худогоҳии миллии халқи тоҷик таъкид намудаанд, оғоз мегардад: «Асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшшудаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносӣ ва ифтихори миллиро такмил бахшид».

Сараввал муаллиф вобаста ба арзишмандӣ, падидаи ниҳоят нодир будан, инчунин таърихчаи таълифу нашри шоҳасари «Тоҷикон» дар шаҳри Москва (ба забони русӣ, соли 1972) ва дар шаҳри Душанбе (ба забони тоҷикӣ, солҳои 1983-1985) маълумот дода, зикр  мекунад, ки он «асари илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ буда, дар заминаи баррасии зиёда аз ду ҳазор маъхазҳои таърихӣ, сарчашмаву адабиёти илмӣ, монографияю пажӯҳиши олимони ватаниву хориҷӣ таълиф шудааст».

Иброҳим Пирназарзода тазаккур медиҳад, ки нашри китоби «Тоҷикон» аз тарафи ховаршиносони машҳури олам бо рӯҳбаландиву назари нек истиқбол шуда», дар ин замина хотирнишон месозад, ки «баҳои одилонаву воқеъбинона додани олимони шинохтаи ҷаҳонӣ ва донишмандону фарҳехтагони халқияту миллатҳои мухталиф ба ин китоб худ исботи пурарзиш будани ин шоҳасар мебошад».

Ҳадафи муаллиф аз таълифи чунин дастури илмӣ-амалӣ, пеш аз ҳама,  муаррифӣ намудани мазмуни асар ба хотири дуруст роҳнамоӣ кардани доираи васеи хонандагон баҳри мутолиа ва омӯзиши амиқи «Тоҷикон»-и академик Б. Ғафуров мебошад.

Бо ин мақсад бобҳову фаслҳои асар пайиҳам ва ба таври мӯҷаз тавсиф гардида, муҳтавои асосии онҳо мухтасаран баён карда шудааст. Чунин равиш ба хонанда имкон медиҳад, ки аз моҳияти китоби «Тоҷикон» огоҳии комил пайдо намояд.

Муаллиф бо таваҷҷуҳ ба амалӣ шудани ибтикори беназири Пешвои миллат оид ба ҳар оилаи кишвар эҳдо намудани китоби «Тоҷикон» таъкид месозад, ки «омӯзиш ва тарғиби мазмуну мундариҷаи шоҳасари «Тоҷикон» воқеан дар ташаккули хотираи таърихии мардум, худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ дар шароити рушду инкишофи ҳамаҷонибаи давлати соҳибистиқлол нақши боризро соҳиб мебошад».

Худшиносии таърихӣ ҷузъи таркибиву ҷудонопазири худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад. Бидуни огоҳии комил аз таърихи миллати хеш, бидуни омӯзиши амиқи асарҳои мафкурасози таърихӣ, бавижа «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва китоби «Тоҷикон»-и академик Б. Ғафуров  худшиносии миллии мо ноқис хоҳад буд. Аз ин рӯ, ин асарҳои пурарзиш бояд китоби рӯимизии ҳар  тоҷики боғуруру ватандӯст бошанд.

Ҳамзамон барои муваффақона аз худ кардани муҳтаво ва дарк намудани моҳияти китобҳои мазкур аҳли васеи хонандагон ба дастурҳои муфиди роҳнамо, ба монанди «Андешаҳо перомуни шоҳасари «Тоҷикон»-и номзади илмҳои сиёсӣ Иброҳим Пирназарзода ниёз доранд.

Арзишу аҳаммияти ин дастур дар он ифода меёбад, ки муаллиф тавонистааст на танҳо таърихчаи таълифу нашр, мазмуну муҳтаво ва мақоми китоби «Тоҷикон»-ро равшану возеҳ фаро гирад, балки хонандаро ба омӯзиши пурраву комили ин шоҳасар раҳнамоӣ намояд.

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news