-3.3 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Дар Палатаи савдо ва саноат имконоти сармоягузории Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ намуданд

Ҷалби сармояи мустақими Ҷумҳурии Туркия ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштарак ва имконияти сармоягузории ҷумҳурӣ аз масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрии муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова бо Раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Болуи Туркия — Туркер Атеш ва менеҷери Минтақаи махсуси саноатии муташаккили саноатии омехта ва нассоҷии минтақаи Болу Мустафо Гулен баррасӣ гардиданд.

Зимни вохӯрӣ Манзура Рустамова оид ба фаъолият ва нақшаҳои ояндаи Палата дар самти баргузории намоишгоҳҳо, бизнес-форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратӣ ба онҳо маълумот дод. Ҳамчунин ӯ меҳмонҳоро даъват намуд, ки ҷиҳати иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Болу зимни баргузории чорабиниҳои тиҷоратӣ дар қаламрави Тоҷикистон мусоидат кунанд.

Ҷаноби Туркер Атеш баргузории намоишҳои зикргардидаро барои  рушди фаъолияти бахши хусусӣ иқдоми нек шуморида, иброз намуд, ки барои иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Туркия дар чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршаванда тадбир меандешанд.

Манзура Рустамова зимни мулоқот ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими Туркия ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар, бунёди корхонаҳои муштарак, имконияти сармоягузории ҷумҳурӣ, имтиёзҳои пешбининамудаи Ҳукумати кишвар доир ба дастгирии соҳибкорону сармоягузорон ва рушди табодули молу маҳсулот миёни кишварҳои якдигар ба меҳмонон маълумоти мушаххас ва Роҳнамои тиҷоратӣ  пешниҳод намуд.

АКС: Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news