-3.3 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид

 Имрӯз дар Душанбе мулоқоти роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон Шариф Ҳакимзода бо ҳайати парлумонии Ҷопон таҳти сарварии Кейҷи Фуруя баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки сафари ҳайати Ҷопон ба Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо ва робитаҳои байнипарлумонӣ мусоидат хоҳад кард.

Тазаккур дода шуд, ки гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагон ва Палатаи намояндагони парлумони Ҷопон соли 2008 таъсис ёфта, иҷлосияи нахустини он бо иштироки ҳайатҳои парлумонии ду кишвар 6 марти соли 2019 дар Токио баргузор гардид.

Ҳамзамон ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин аъзои гурӯҳи дӯстӣ — раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилон Гулбаҳор Назирӣ ва Парвина Маликзод иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки имрӯз ҳайати парлумонии Ҷопон инчунин бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода мулоқот карда, аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода дидан намуд.

Акс: МН МО ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news