-3.3 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

14 нафар хатмкардагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Томски Русия роҳхат гирифтанд

14 нафар хатмкардагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои таҳсил дар зинаи магистратура ба Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Русия роҳхат гирифтанд.

Дар ин бора 28 июл зимни мулоқоти ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии Томск Николай Погодаев хабар дода шуд.

Ҳамчунин дар мулоқот ҷонибҳо барои мустаҳкам намудани равобити байналмилалӣ табодули афкор намуда, ҷиҳати омода намудани мутахассисон аз рӯи равияи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба мувофиқа расидаанд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо чанд донишгоҳи Федератсияи Русия равобити судманд дошта, ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф густариш меёбад. Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Русия аз ҷумлаи донишгоҳҳое мебошад, ки имрӯз равобиту ҳамкории ДМТ  бо он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба фаъолияти донишгоҳҳо ва рушди ҳамкории илмию таълимии Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Русия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суҳбат намуданд.

Акс: ДМТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news