-13.3 C
Tajikistan
Friday, December 9, 2022

««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Хатлон барои ғолибони даври вилоятии озмун 237 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид

 Барои ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» аз ҷониби Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 237 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, иттилоъ доданд дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят.

Дар даври вилоятии озмун ба ғолибони ҷойи якум 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 10 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 5 ҳазор сомонӣ, инчунин барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб мегарданд, мутаносибан 5000, 3000 ва 2000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Иштирокдорони озмун ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

— хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ;

— донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр);

— омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, докторони илм (анъанавӣ), аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ);

— калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

­Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ бе озмун ва ба тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимии кишвар қабул карда мешаванд.

Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

— даври якум – моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

— даври дуюм – моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

— даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

— даври чорум – нимаи якуми моҳи декабр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Даври вилоятии озмуни мазкур нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик  Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» доир мегардад.

АКС аз бойгонӣ

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news