-13.3 C
Tajikistan
Tuesday, March 21, 2023

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд

 Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ узви Шӯрои давлатӣ ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот дар ҳошияи 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ чун самти афзалиятдори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, ҷаҳду талоши роҳбарони давлатҳо дар рушди бемайлони ҳамкории ду кишвар бесобиқа арзёбӣ гардид.

Дар ин раванд ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳи хосса дода шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилоти байналмилаливу минтақавӣ, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, маориф ва ҷалби сармояву технологияҳои пешрафтаи Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Ҳамчунин зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди инфрасохтор ва ободонии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми мулоқот атрофи вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ва ҳамкории мутақобилан судманд дар бахши амният мубодилаи афкор сурат гирифт.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news