-2.2 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот аввалин пирӯзӣ ба даст овард

Тавре қаблан хабар дода будем, дирӯз дар доираи бозиҳои даставии Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби яккачини Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 4:0 ғолиб омада, аввалин пирӯзии хешро истиқбол гирифт. Дар ин бора аз Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон хабар доданд.

Дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон оид ба шоҳмот, мутаассифона, дар бозӣ ба муқобили дастаи мунтахаби Словакия бо ҳисоби 0,5-3,5 шикаст хӯрд. Дар ҳайати дастаи мо, ба истиснои мусовии Алишер Каримов се шоҳмотбози дигари тоҷик бозиҳояшонро бохтанд.

Аз ин пеш дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар ҳайати Сабрина Абророва, Рухшона Саидова, Мутриба Ҳотамӣ ва Лидия Антонова дар доираи бозиҳои даставии Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон бо дастаи мунтахаби Қирғизистон рақобат намуда, бо ҳисоби 4:0 шикаст хӯрда буд.

Дастаи мунтахаби мардонаи кишвари мо дар ҳайати Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев (бо мӯҳраҳои сафед), Алишер Каримов (бо мӯҳраҳои сиёҳ), Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев (бо мӯҳраҳои сафед) ва Меҳриддин Шарифов (бо мӯҳраҳои сиёҳ), ки рақобати дуюми худро низ бо пирузӣ ҷамъбаст намуд, ин навбат аввалин бор аз дастаи мунтахаби Қазоқистон бо ҳисоби 2,5÷1,5 шикаст хӯрд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи бозии навбатӣ дастаи мунтахаби мардонаи кишвари мо ба муқобили дастаи мунтахаби Белгия рақобат мекунад.

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби яккачини Барбадос қувваозмоӣ мекунад.

АКС аз манбаъҳои боз

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news