-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин барои солҳои 2023-2024 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

 Миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2023-2024 Барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Санади мазкур имрӯз, 1 август зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба имзо расонида шуд. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи ҳамкории дуҷониба, татбиқи тавофуқоти раҳбарони ду кишвар дар мулоқот дар рафти Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин дар моҳи феврали соли 2022, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Зимнан вазирон перомуни масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ инчунин дар чаҳорчӯби сиғаи Осиёи Марказӣ+Чин табодули назар карданд.

Дар мулоқот мувофиқа карда шуд, ки ҷонибҳо таҳкими ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тандурустӣ, инчунин дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 идома медиҳанд.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи «Лю Бан» ва инчунин дар маросими супоридани расмии 5 млн. воя ваксинаи зидди Ковид-19 ширкат карданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news