-13.3 C
Tajikistan
Friday, December 9, 2022

Олимони тоҷик алайҳи коронавирус даво ихтироъ кардаанд

Дар Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла «ҷорубак» алайҳи COVID-19 дору ихтироъ карда шудаст, хабар дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Президенти Академияи миллим илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ. 

Бино ба гуфти академик Раҳимӣ, танҳо пас аз гирифтани патент дар бораи доруи ихтироъшуда маълумоти муфассал дода мешавад. Феълан танҳо маълум аст, ки дору дар асоси гиёҳҳои шифобахш аз ҷумла — растании «ҷорубак» омода шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қаблан дар посух ба суоли хабарнигорон  дар мавриди истеҳсоли ваксина ё доруҳо алайҳи коронавирус гуфта буд, олимони ҷумҳурӣ бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш 12 намуди моддаҳои фаъоли биологиро истеҳсол намудаанд.

Вай таъкид намуда буд, ки ин моддаҳо барои баланд бардоштани масунияти бадан ё худ  иммунитет (маҷмӯи аксуламал, ки ба муҳофизати организм аз ангезахои сироят нигаронида шудааст) мусоидат мекунанд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз моҳи феврали соли равон дар кишвар ягон ҳолати таъйидшудаи гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Яке аз омилҳои ҷой надоштани коронавирус ба сатҳи баланди ваксинагирӣ рабт дода мешавад, ки барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.

Latest news

Дар Будапешт ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид

Дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон ҷаласаи 2-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои...

Тоҷикистон ва Юнон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро рушд медиҳанд

 Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Юнон 1 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳар ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Никос Дендиас...

Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид....

Сироҷиддин Муҳриддин ва Мевлут Чавушоғлу дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркияро баррасӣ карданд

 Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқот  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия Сироҷиддин Муҳриддин Мевлут Чавушоғлу баргузор гардид....

Related news