-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Маркази миллии тестӣ барои беш аз 22 ҳазор нафар довталабон озмуни тақсимоти такрорӣ доир мекунад

 Аз 12 то 15 август дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ гузаронида мешавад. Дар озмуни тақсимоти такрорӣ довталаб аз рӯи баллҳои ба дастовардааш ба гурӯҳи ихтисоси такрории интихобнамудааш номнавис карда мешавад. 

Дар ин бора дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2022 холӣ мондаанд,  дар якчанд нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   ба роҳ монда мешавад.  Рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда мешавад, дар сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.

Довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ надоранд.

Тавре котиби маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар даври асосии озмуни тақсимот  57 ҳазору 988 нафар довталабон ҳуқуқи таҳсил дар донишгоҳҳои мамлакатро  аз рӯи ихтисосҳои интихобкардаашон (аз ҷумла синфҳои 9 ва 11) пайдо намуданд.

«Соли равон ба Марказ беш аз 96 ҳазор довталаб, яъне (82 ҳазору 718 нафар хатмкардаи синфи 11 ва 13 ҳазору 303 хатмкардаи синфи 9) ҳуҷҷат супориданд, ки аз ин шумора дар имтиҳонҳо 80 ҳазору 942 хатмкунандагон иштирок намуданд. 22 ҳазору 470 довталабе, ки аз озмун нагузаштаанд, имкон доранд аз 12 то 15 август дар даври  озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок намоянд»,- гуфт Замира Абдусаломзода.

Мавсуф зикр намуд, ки Марказ баъд аз даври озмуни тақсимоти такрорӣ шумораи пурраи довталабони ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дохилшударо дар соли 2022 нашр менамояд. Соли 2021 тавассути ММТ қариб 70 000 довталабон ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дохил шуданд.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news