-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Дар шаш моҳи соли 2022 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 269 медал ба даст оварданд

Дар натиҷаи иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ варзишгарони кишвар ба хазинаи варзишии мамлакат 269 медал ворид намуданд, ки аз ин шумора 64 медали тилло, 77 нуқра ва 128 медали биринҷӣ мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 38 медали тилло, 43 медали нуқра  ва 97 медали биринҷӣ зиёд мебошад. Дар ин бора Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода 29 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

«Муаррифии варзиши тоҷик дар сатҳи ҷаҳон ва дарёфту омода намудани варзишгарони касбии сатҳи баланд тавассути баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад. Дар ин давра бо ташаббуси Кумита 49 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявии варзишӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо 5127 нафар, аз ҷумла 1044 нафар бонувон иштирок намуданд»,- гуфт дар идома Абдулло Раҳмонзода.

Зикр шуд, ки дар доираи марҳила ба марҳила доир намудани мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо 1715 марҳилаи мусобиқаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва 235 мусобиқаҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, ки дастаҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тибқи дастурамали марҳила ба марҳила доир намудани мусобиқаҳои варзишӣ ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки бо мақсади омодагии ҷиддӣ барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 аз ҷониби Кумита дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишии ҷудо, таэквондо ВТФ, варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, юнонӣ-румӣ ва қаиқронӣ нақшаи сеҷониба барои маблағгузорӣ ба имзо расонида шуда, дар асоси он варзишгарони дастаи мунтахаб аз рӯи намудҳои афзалиятнок ба чорабиниҳои байналмилалӣ  сафарбар  карда шуданд.

Дар асоси ин нақшаҳо 295 нафар варзишгарон ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷамъомадҳои таълимию варзишӣ берун аз кишвар сафарбар гардида, дар ҳаҷми 609  ҳазору 851 сомонӣ маблағгузорӣ гардиданд.

Ҳамзамон 1531 нафар варзишгарони мамлакат имкон пайдо намуданд, ки дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалте, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор гардиданд, иштирок намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news