7.1 C
Tajikistan
Monday, September 25, 2023

Дар факултаҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон гӯшаи «Асарҳои Пешвои миллат» таъсис дода мешавад

Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба хотири ташвиқу тарғиби ҷавонону донишҷӯён ба омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон тасмим гирифтааст, ки дар якчанд  факултаҳои донишгоҳ гӯшаи «Асарҳои Пешвои миллат»-ро таъсис диҳад. Дар ин бора котиби матбуоти донишгоҳ Ҳабибулло Сатторов хабар дод.

Зикр шуд, ки ҳоло гӯшаи «Асарҳои Пешвои миллат» дар саҳни садорати факултаҳои математика, таърих, филологияи тоҷик ва педагогика таъсис дода шудааст. Гӯшаи «Асарҳои Пешвои миллат» дар факултаҳои дигар низ давоми соли нави таҳсил таъсис дода мешавад. Мақсад аз таъсиси гӯшаҳои мазкур- ин муаррифии бештари асарҳои Пешвои миллат миёни донишҷӯёну толибилмон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки асарҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси маъхазҳои таърихӣ навишта шуда, аз пайдоишу ташаккули миллати тоҷик, забони тоҷикӣ ва фаъолияти фарзандони баруманди халқи тоҷик, ки дар давраҳои  гуногун илмҳои ҷаҳониро ривоҷу равнақ бахшидаанд, нақл мекунанд.

Дар ин поя метавон аз асарҳои пурарзиши Президенти мамлакат — «Тоҷикон дар оинаи таърих».  Аз ориён то Сомониён», «Тоҷикистон дар оинаи фардо», «Фарҳанг — ҳастии миллат», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Зиёиён равшангарони роҳи фардои миллатанд», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ: Андешаҳо дар остонаи ҷашни Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо», «Дар бораи дин», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам», «Дин ва ҷомеа», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои истиқлол» ва чандин асару мақолаҳои дигар ёдовар шуд.

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла...

Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд

Тавре қаблан хабар додем, 22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф,...

Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд

 21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи...

Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт...

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун...

Related news