-0.7 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

Дар вазорату идора ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Системаи иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ ба роҳ монда мешавад

 Дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳандозӣ намудани низоми коргузории электронӣ дар хизмати давлатӣ, аз ҷумла, таҳия ва татбиқи системаҳои коркарди электронии маълумот оид ба теъдод ва ҳайати  сифатии хизматчиёни давлатӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа ва шахсони масъули 15 вазорату идора машварати омӯзишӣ баргузор шуд.

Зимни машварати омӯзишӣ муовини Директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода ҳадафи ташкили марҳилавии машварати омӯзиширо вобаста ба пурра ба роҳ мондани Системаи иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тавзеҳ дод.

Зикр шуд, ки масъалаи таҳкими неруи институтсионалии мамлакат, яъне такмили низоми самарабахши идоракунии давлатӣ ва таъмини рушди хизмати давлатӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 пешбинӣ гардида, дар ин замина низоми идоракунии захираҳои инсонӣ дар хизмати давлатӣ автоматикунонида шуда, Феҳристи хизматчиёни давлатӣ дар Шабакаи ягонаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ пурра амал мекунад.

«Ҳадафи такмили низоми идоракунии давлатӣ- ин амалисозии самараноки вазифаҳои давлат ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифати давлатӣ ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии бомуваффақияти кишвар мебошад, зеро дар шароити муосир ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва инноватсионии фаъолияти идоракунӣ дар асоси шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои истифодаи самараноки захираҳои иттилоотӣ дар фаъолияти идоракунии давлатӣ шароити мусоид фароҳам меорад»,- афзуд Дилноза Аҳмадзода.

Бояд гуфт, ки ин даври панҷуми машварати омӯзишӣ буда, дар ин давра ҷиҳати омӯзиши Системаи иттилоотии идоракунии захираҳои инсонӣ шахсони масъули 36 мақомоти давлатӣ аз ҳисоби масъулини хадамоти кадрӣ ва шуъбаву бахшҳои муҳосиботи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба он ҷалб карда шуданд.

Тибқи нақша, дар системаи мазкур маълумоти беш аз 21685 воҳиди корӣ ва 18576 хизматчии давлатӣ ворид карда мешавад. Айни замон маълумоти зиёда аз 5586  хизматчии давлатӣ ба система ворид карда шуда, воридсозии маълумоти 12990 идома дорад. Кор дар ин самт идома дошта, масъалаи мазкур таҳти назорати масъулини Агентии хизмати давлатӣ қарор дорад.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news