-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон иштирок менамоянд

Алиризо Баҳромов (71кг) ва  Муҳаммадамин Абдуллоев (80кг) аз намуди гӯштини тарзи озод  ба шаҳри Рими Италия барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни наврасони то 17-сола сафарбар шуданд, хабар медиҳад МД “Ҷаҳоннамо” бо истинод ба Кумитаи миллии олипии Тоҷикистон.

Чемпионати мазкур 25 июл оғоз гардида, то 31 июл идома меёбад ва  дар он 597 варзишгар (419 писар, 178 духтар) аз 54 давлат иштирок мекунанд.

Қувваозмоиҳо 25 июл бо гӯштини юнонӣ-римӣ оғоз гардида, 29 июл бо гӯштини тарзи озод идома меёбанд ва 31 июл ба анҷом мерасанд.

Дар асоси барномаи чемпионат Муҳаммадамин 29-30 июл ва Алиризо 30-31 июл гӯштин мегиранд. Рӯзи аввал марҳилаи интихобӣ ва рӯзи дуюм финал ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июн дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасони то 17-сола дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Муҳаммадамин Абдуллоев ва дар Чемпионати Осиё миёни наврасони то 15-сола дар Манамаи Баҳрайн Алиризо Баҳромов сазовори медали нуқра гардида буданд.

Дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба гӯштин миёни наврасон Тоҷикистон ҳамагӣ ду медал – 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дорад. Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни наврасон соли 2019 дар Софияи Булғористон дар равияи гӯштини юнонӣ-римӣ Шероз Очилов дар вазни 65 кг медали нуқра ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55 кг медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news