-2.2 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: маоши миёна дар Тоҷикистон тақрибан 1648 сомониро таш

 То 1 июни соли равон музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон 1647,3 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 154,8 сомонӣ ва нисбат ба аввали соли равон 106,5 сомонӣ зиёд аст. Дар ин бора Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Ширин Амонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи соли равон иттилоъ дод.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар охири соли 2021 маоши миёнаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ 1812 сомонӣ ва ҳадди ақал 400 сомониро ташкил медод.

Вазир ҳамчунин зикр  кард, ки аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти давлатӣ ва идораи давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва дигар ташкилоти буҷетӣ зиёд карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 июл ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон то 600 сомонӣ боло рафт. Қабл аз ин маоши ҳадди ақал дар кишвар 400 сомониро ташкил медод. Фармони дахлдорро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 январи соли равон имзо намуданд.

Тибқи ин санад, маоши мансабии кормандони мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, илм (ба истиснои кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он), фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоти ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилоти буҷетӣ 20 фоиз зиёд шуд.

Ҳаҷми заминавии маоши кормандони соҳаи тиб 20 фоиз зиёд ва 366 сомонӣ (35 доллар) муқаррар гардид. Инчунин маблағи нафақа барои кудакони ятим ва пардохтҳо ба ноболиғон дар сурати аз даст додани саробон 25 фоизи ҳадди ақалли нафақаи пиронсолӣ зиёд карда шуд.

Стипендияҳои донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба истиснои курсантҳои донишкадаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) низ 20 фоиз афзуд.

Аз 1 январи соли равон маоши мансабии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 20-25 фоиз зиёд карда шуд.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news