5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Ҳайати Тоҷикистон дар Ашқобод андешидани тадбирҳои заруриро барои татбиқи низоми рақамикунонӣ дар соҳаи ҳамлу нақл пешниҳод кард

 Дар  шаҳри Ашқободи Туркманистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Долонҳои байналмилалии нақлиётӣ — транзитӣ, ҳамбастагӣ ва рушд» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода иштирок намуд, хабар медиҳад МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат.

Дар конфронси байналмилалӣ масъалаҳои рушди ҳамлу нақли байналмилалии нақлиёт (автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва обӣ), транзит, содагардонии раванди ҳамлу нақл ва транзит, андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳаи нақлиёт дар доираи ҳамкории дуҷониба ва байналмилалӣ, андешидани тадбирҳо дар давраи пас аз пандемия ва ғайра баррасӣ гардиданд. Бо ин мақсад 20 июл иштирокчиёни конфронс аз бандари «Туркменбошӣ» дидан карданд.

Шоиста Саидмуродзода вобаста ба масъалаҳои таъмини пайвасти шабакаҳои нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, содагардонии раванди ҳамлу нақл ва гузариши транзит, таъмини ҳамбастагӣ дар самти рушди логистика сухан гуфт. Инчунин мавсуф бо назардошти мушкилиҳо дар давраи пандемия андешидани тадбирҳои заруриро барои татбиқи амалии низоми рақамикунонӣ дар соҳа, аз ҷумла истифодаи e-CMR ва рухсатномаҳои электронӣ дар минтақа пешниҳод намуд.

Ҳамзамон дар доираи конфронси байналмилалӣ ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) вобаста ба долонҳои «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия» ва «Қирғизистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон» баргузор гардид.

Коршиносони кишварҳои аъзо масъалаҳои марбут ба ташкили долонҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор додан два аз рӯи он санади дахлдор ба тасвиб расид.

АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news