-3.1 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

Сафири Тоҷикистон дар Сурия бо Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ ва Мудири Ҳилоли Аҳмар мулоқот намуд

24 июл дар фурудгоҳи Димишқ мулоқотҳои Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Арабии Сурия бо Виктор Найланд ва Мудири Ҳилоли Аҳмари Сурия Халед Ҳабибтӣ сурат гирифт.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои мазкур баррасӣ гардиданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 21 июл дар Димишқ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини  Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба масъалаҳои амниятӣ, Роҳбари Дафтари амнияти миллии ин кишвар, генерал Алӣ Мамлук ва муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Ҷафарӣ вохӯриҳо анҷом дод.

Зимни вохӯриҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният миёни ду кишвар ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.

Мавриди зикри хос аст, ки баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

15 феврали соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки ҳоло дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Ар-Равҷи Сурия беш аз 260 нафар занону кӯдакони Тоҷикистон қарор доранд.

Бино ба гуфтаи ӯ, бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ба Ватан дипломатҳои тоҷик моҳи декабри соли 2020 ба Сурия, аз ҷумла ба урдугоҳҳои ал-Ҳавл ва ар-Равҷ сафари корӣ анҷом дода, зимни он бо шаҳрвандони кишвар вохӯрданд. Барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия корҳо идома доранд.

«Вазорат дар ин самт ба Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, ки ӯ ҳамзамон Сафири Тоҷикистон дар Сурия мебошад, ваколат дод. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ҳукумати Сурия ҳамкории зич дорад», — гуфта буд Сироҷиддин Муҳриддин.

Акс: ВКХ ҶТ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news