-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Таҷрибаи Тоҷикистон дар раванди шомилшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ба Узбекистон пешниҳод гардид

Дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҳошияи Конфронси 12-уми вазирони Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва муовини Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Бадриддин Абидов  баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаи шомилшавии Узбекистон ба СУС баррасӣ гардида, таҷрибаи Тоҷикистон дар раванди шомилшавӣ ба Созмон пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, ҷониби Тоҷикистон масъалаи мазкурро бо назардошти манфиатҳои иқтисоди миллӣ баррасӣ намуда, дар робита ба он пешниҳод манзур намуд, ки аз ҷониби узбекистонӣ пазируфта шуд.

Дар мулоқот А. Абдураҳмонзода зикр  намуд, ки ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Узбекистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли рушд қарор дорад. Аз ҷумла, гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар марҳила ба марҳила тавсеа ёфта, дар соли 2021 ба 447,8 миллион доллар баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат  ба  солҳои қаблӣ ба маротиб рушд намудааст.

Дар охири вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ иброз намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news