-13.2 C
Tajikistan
Tuesday, November 29, 2022

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти кишти такрории шолӣ дар хоҷагии деҳқонии «Ашӯрбек-2012»-и ноҳияи Дӯстӣ шинос шуданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз хоҷагии деҳқонии «Ашӯрбек-2012»-и ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии мазкур ба кишти такрории шолӣ оғоз бахшида, бо саҳмдорон ва дигар шолипарварони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом доданд. Хоҷагии деҳқонии «Ашӯрбек-2012» дар деҳоти Деҳқонобод дорои 2,5 гектар замини корами обӣ мебошад ва дар як гектари он ҷуворимакка барои дон кишт намуда, дар боқимонда 1,5 гектар кишти шолӣ мегузаронанд. Масоҳати зикргардида барои кишти шолӣ пурра омода карда шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки қаблан хоҷагидорон дар ин масоҳат гандум кишт намуда, аз ҳар гектар 50 сентнер ҳосил ба даст овардаанд. Ҳосили ҷамъоваришуда пурра барои давраи зимистон захира карда шудааст. Навъи тухмии интихобгардидаи шолӣ барои кишт «Юбилей» мебошад ва он сифати хуб дошта, ба иқлими ноҳияи Дӯстӣ мувофиқ аст. Кишти шолӣ аз рӯи тартиби муайян ва ҷавобгӯ ба талабот дар 200 пал гузаронида шуда, нигоҳубини зироат бо риояи пураи агротехникаи кишт ба роҳ монда мешавад.

Кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ шолиро бештар баъди ҷамъоварии ҳосили якум кишт мекунанд. Агар масоҳати умумии кишти ин навъи зироати техникӣ дар кишти асосӣ 230 гектарро ташкил диҳад, дар кишти такрорӣ 800 гектар ба нақша гирифта шудааст. Шолӣ аз зироати кишоварзии зарурӣ барои аҳолӣ ба ҳисоб рафта, талабот ба маҳсулоти он, яъне биринҷ зиëд мебошад.

Соли гузашта кишоварзон дар ноҳияи Дӯстӣ аз майдони 800 гектар зироати шолӣ 46 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, дар ин замина 1900 тонна биринҷ истеҳсол намудаанд. Имсол мутахассисони соҳа бо назардошти истифодаи тухмии сифаташ беҳтар ва коркарди зарурии замин нишондоди ҳосилнокии ин навъи зироати техникиро дар муқоиса ба соли гузашта қариб 10 сентнер зиëд пешгӯӣ мекунанд.

Гуфта шуд, ки ҳосили шолиро бе коркард барои чанд сол захира намудан имконпазир мебошад. Аз ин рӯ, кишоварзонро зарур аст, шолиро ҳарчи бештар захира намуда, бо ин роҳ ҳамеша фаровон будани биринҷро дар бозори истеъмолӣ таъмин ва дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат саҳм гузоранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Ашӯрбек-2012» баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноку оқилонаи замин ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Latest news

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

29 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати...

Вакили Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД иштирок намуд

Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнудин Сафарзода дар ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АБ...

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба вазъи амниятӣ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд

28 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассонро ба ҳузур пазируфт.

Ашрафҷон Гулов дар ҷаласаи 38-уми Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкории исломӣ ва тиҷоратии СҲИ иштирок намуд

 28 ноябр  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар 38-умин ҷаласаи Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони...

Related news