-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

ҶОМИ ОСИЁ-2023. Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «F» ҷои аввалро ишғол кард

Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Вохӯри ин дастаҳои мунтахаб хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби мусовӣ 0:0 анҷом ёфт.

Дар ду даври гузашта тими мунтахаби Тоҷикистон бар Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) ғалаба карда буд. Ҳамин тариқ, тимҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон 7-холӣ ба даст оварда, ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд. Аз ҳисоби таносуби тӯбҳо Тоҷикистон дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол кард. Дар се бозӣ мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозааш ягон гол сар надод.

Ёдрас мешавем, ки тими мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт бори аввал дар таърих ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё, ки аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, роҳ ёфт. Дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 дар баробари Тоҷикистон, тимҳои мунтахаби Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, АМА, Чин, Ироқ, Уммон, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Узбекистон, Тайланд, Ҳиндустон, Ҳонг Конг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия иштирок хоҳанд кард.

Қарор дар бораи дар куҷо баргузор шудани 18-умин Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё 17 октябр қабул мегардад.

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F»

Даври 1

8 июн (чоршанбе)

15:30 – ТОҶИКИСТОН – Мянмар – 4:0

20:00 – Қирғизистон – Сингапур — 2:1

Даври 2

11 июн (шанбе)

15:30 – Сингапур – ТОҶИКИСТОН-0:1

20:00 – Мянмар – Қирғизистон-0:2

Даври 3

14 июн (сешанбе)

15:30 – Мянмар – Сингапур

20:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН-0:0

Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

Акс: ФФТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news