Аз 15 июн то 15 июли соли равон ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон барномаи ҷолиби сиркӣ пешниҳод менамоянд.
Ҳайати ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон аз 15 нафар ҳунармандони бомаҳорат, аз қабили Мастона Собирзода, Шокир Болтаев, Вафоҷон Иззатуллоев, Алмос Илёсов, Солеҳ Юсупов, Идибек Киромиддинов, Қурбоналӣ Ҳалимов, Шаҳноза Ҷабборова, Ануша Ҳусейнзода иборат буда, онҳо барномаи ҷолиби сиркиро пешниҳоди тамошибони кишвари ҳамсоя менамоянд.
Ҳунармандон дар намуди акрабатика, гимнастика, ромкунии ҳайвонот, эквилибристика баромад намуда, ҳунару истеъдоди худро ба мухлисону ҳаводорони сирк намоиш медиҳанд.
АКС: Вазорати фарҳанг ҶТ