-3.6 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар тибқи Стипендияи «Дурахшандагон» тамдид гардид

Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки қабули ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар зинаҳои таҳсилотӣ: бакалавр, мутахассис, магистратура (ординатура), аспирантура ва докторантура то 20 июн идома меёбад.

Тавре Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» хабар дод, аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин: ариза, анкетаи шакли муқарраршуда, нусхаи шиноснома, нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи шаҳодатномаи таваллуд, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот, аттестат ё маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11 будан, нусхаи диплом бо замимаҳояш (барои дарёфти зинаи таҳсилоти бакалавр, мутахассис, магистр, аспирант ва доктор), маълумотномаи тиббӣ 0,86 ё 0,38 ва ВИЧ/СПИД, маълумотномаҳо аз диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ, сертификати забонҳои хориҷӣ (TOEFL/IELTS, HSK ва ғайра (дар ҳолати мавҷуд будан), дастовардҳои довталаб (дипломи дараҷаи 1,2,3, сертификат, медал, ифтихорнома ва ғайра дар ҳолати мавҷуд будан), реферат аз рӯи мавзӯи интихобгардида (барои дарёфти зинаи аспирант ва доктор), мактуби тавсиявӣ (рекомендательное письмо), маълумотнома аз ҷои истиқомат, нусхаи шиносномаи падару модар, маълумотнома аз ҷои кори падару модар (дар ҳолати мувақатан бекор будани волидайн аз шуъбаи шуғли аҳолии ҷои истиқомат пешниҳод намудани маълумотнома), 4 дона расми ранга 3х4 ва маълумотномаи надоштани доғи судӣ талаб карда мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд маълумоти муфассалро доир ба ихтисосоҳои пешниҳодгардида ба «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 (рӯ ба рӯи Алиф Сармоя) муроҷиат намоянд.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news