-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Дар шаҳри Бӯстон 150 нафар ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

Дар шаҳри Бӯстон 150 нафар ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» қадрдонӣ гардиданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ раиси шаҳр Мавсума Муинӣ иштирок намуда, иброз дошт, ки «дар ҳама давру замон соҳаи иҷтимоиёт масоили мубрам маҳсуб ёфта, илм ва зарфиятҳои илмӣ, омили пешрафту таҳаввули инсоният маҳсуб меёбад. Таърих гувоҳи он аст, ки инсоният барои расидан ба ҳадафтҳои муайяни худ, аз аҳди бостон то ба имрӯз, дар ҷустуҷӯи илм ва маърифат аст. Бояд тазаккур дод, ки дарёфти илму маърифат роҳи осон набуда, заҳматҳои зиёдро тақозо дорад, ки мо онро бо машаққатҳо фатҳ менамоем».

Гуфта шуд, ки дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки 1 июн доир шуд, 42 нафари синашон гуногун аз рӯи номинаҳои навозандагӣ, сарояндагӣ ва композиторӣ дар жанрҳои академикӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ ширкат варзида, 25 нафар ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки 17, 18 ва 19 май баргузор гардида, 160 нафар аз рӯи номинаҳои осори адибони классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва шифоҳии халқи тоҷик, адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи халқи тоҷик, адибони ҷаҳон ва эҷоди назму наср ширкат намуда, 60 нафар ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Инчунин дар даври шаҳри Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 190 нафар довталабон иштирок намуда, аз онҳо 65 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар маросими мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба ғолибону иштирокчиёни фаъол ва омӯзгорон «Диплом», «Сипоснома» ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news