-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Дар Душанбе миёни донишҷӯён барои дарёфти роҳхат ба Ҷумҳурии Корея викторина баргузор мегардад

 17 июн дар толори  Кинотетри «Ватан» -и шаҳри Душанбе  барои донишҷўёни муасисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  викторина таҳти унвони  «Кюзон Коре- 2022»  баргузор  мегардад. Дар викторина ба донишҷўён суолҳо дар мавриди таърихи Корея ва забони куриёӣ пешниҳод карда мешавад. Ғолибон озмун соҳиби  роҳхат  барои  сайёҳат ба Ҷумҳурии Корея мегарданд. Созмондиҳандагони ин барномаи омӯзишӣ Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази маорифи Корея  дар шаҳри Душанбе мебошанд.     

Тавре аз Вазорати маориф ва илми мамлкат иттилоъ доданд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф ва илм дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ аз 12 апрели соли 2015 ва ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея, ки ҳамасола баргузор мегарданд, ба роҳ мондааст.

Омӯзиши забони кореягӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон аз соли 2004 оғоз гардида, то имрӯз зиёда аз 200 нафар донишҷӯ ихтисоси забони кореягиро хатм намудаанд.

Дар 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон — Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон забони кореягӣ таълим дода шуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея санадҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино ва Донишгоҳи тиббии Тегу Ҳании Ҷумҳурии Корея як намунаи ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таълимии ҳарду кишвар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки  26 майи соли равон  вохӯрии Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок доир  гардид. Дар мулоқоти мазкур иттилоъ дода шуд, ки  Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея омода аст, ки дар доираи ҳамкории судманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омодасозии мутахассисони техникӣ, хусусан соҳаи лифтсозӣ донишгоҳи муштарак таъсис диҳад. Ҷонибҳо вобаста ба созишномаи имзошуда миёни Коллеҷи лифти Корея ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки иқдоми мазкур ба омода намудани мутахассисони соҳаи лифтсозӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манбаи боз

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news