-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Дар Душанбе Лоиҳаи «Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар Ҷанубу Шарқ ва Ҷануби Осиё, инчунин Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои татбиқи Лоиҳаи «Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта дар Ҷанубу Шарқ ва Ҷануби Осиё, инчунин Осиёи марказӣ» доир гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,  дар кори он муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода, сардори Раёсати ҳамкории намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Марк Бучманн, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккави, намояндагони вазорату идораҳо ва дигар коршиносони соҳа иштирок  намуданд.

Гуфта шуд, ки Лоиҳаи мазкур аз декабри соли 2017 то декабри соли 2022 идома ёфта, мабалағгузори он Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳа мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Б.Ғафуров, Бӯстон, Деваштич, Душанбе, Дӯстӣ, Фархор, Ҳамадонӣ, Ҳисор, Исфара, Истаравшан, Ҷайҳун, Конибодом, Хоруғ, Кӯлоб, Кӯшониён, Левакант, Муъминобод, Н. Хисрав, Панҷ, Панҷакент, Қубодиён, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Шаҳритус, Спитамен, Турсунзода, Ваҳдат, Варзоб, Восеъ ва Зафаробод татбиқ шуда, то имрӯз тавассути он 10 500 нафар кӯдакони оилаҳои муҳоҷирон бо  шаҳодатномаи таваллуд ва 536 нафар чунин кӯдакон бо  шиноснома таъмин шудаанд. Ба 6357 нафар кӯдакони чунин оилаҳо барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ кӯмаки молиявӣ ва ба 614 нафар кӯдакон хидматрасонии омодасозии парвандаҳо расонида шуд. Ҳамзамон  ба 3000 чунин оилаҳо дар давраи авҷи бемории Ковид-19 кумаки якдафъаинаи пулӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин Лоиҳа барои тақвияти иқтидори 6 шуъбаи кумаки иҷтимоӣ ва хонаҳои пиронсолон ва марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ёрӣ расонида  шуда, 586 нафар масъулини сохторҳои маҳаллӣ оид ба омодасозии парвандаҳоба омӯзиш ҷалб гардиданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news