-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок мекунад

Имрӯз, 15 июн Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ФБИП) ба кори худ оғоз намуда, то 18 июн идома меёбад. Тақрибан 90 кишвари ҷаҳон аз ширкати худ дар ин форум хабар доданд. Мавзӯи имсолаи чорабинӣ ҷустуҷӯи имкониятҳои нав дар ҷаҳони тағйирёбанда хоҳад буд.

Тоҷикистонро дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир намояндагӣ мекунад. Интизор меравад, ки ӯ дар ҷаласае, ки 16 июн баргузор мешавад суханронӣ намояд.

Иштирокчиёни Форум вазъи имрӯза ва афзалиятҳои инкишофи ҳамгироӣ, нақши иттиҳодияҳои ҳамгироӣ дар таъмини суботи иқтисодии давлатҳо дар шароити душвори геополитикӣ, таъсири омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба раванди боз ҳам амиқтар гардонидани ҳамгироӣ, нақши ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Давлати иттифоқӣ дар бунёди иқтисоди нави ҷаҳонии давраи «баъд аз ковид», ҳамчунин самтҳои асосии ҳамкории байни иттиҳодияҳои ҳамгироӣ барои давраҳои кӯтоҳ ва миёнамуҳлати дарпешистодаро баррасӣ менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки мавзӯи Форум дар соли равон: «Ҷаҳони нав-имкониятҳои нав» унвон гирифтааст. Ҳама чорабиниҳои Форум ба чаҳор мавзӯъ ва самтҳо тақсим шудаанд, ки он ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва Русия, хабарҳои иҷтимоӣ ва технологӣ ва рушди неруи инсонӣ бахшида мешаванд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news